Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе Бохтар: ронанда мошинро чаппа карду ҳалок шуд

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон бо марги ронанда анҷомид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 6-уми июл, тахминан соати 11:00 рух додааст.
Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Ҳалокат дар роҳ: рух додани ду садамаи маргбор дар як рӯз дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки садамаи маргбор зимни ҳаракати ронанда аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст.
Захмӣ шудани як шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи садамаи калон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Ронандаи худрави “Деу-Сиело”, Х.Э.С сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон дар ҳудуди деҳоти С.Айнӣ, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст.
"Дар натиҷа ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0