Ташкили маркази калони ваксинзании муҳоҷирон дар Маскав

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСтадион "Лужники" в Москве
Стадион Лужники в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Дар варзишгоҳи “Лужники” бузургтарин маркази эмгузаронӣ на танҳо барои муҳоҷирон, балки барои ҳамаи сокинони пойтахт, ки хоҳиш ваксинагирӣ доранд, кушода шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Дар Маскав боз як маркази эмгузаронӣ алайҳи коронавирус ифтитоҳ ёфт, ки яке аз калонтарин дар ҷаҳон мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдори пойтахт, Сергей Собянин.
Дар варзишгоҳи “Лужники” нуқтаи нави ваксинагирӣ пайдо шуд. Он пеш аз ҳама барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис ёфтааст, аммо ҳар касе, ки мехоҳад дар он эм гирад, метавонад ин корро анҷом диҳад.
Иқтидори умумии марказ имкон медиҳад, ки дар як рӯз ба тақрибан 15 ҳазор нафар одамон хидмат расонда шавад. Раиси шаҳри Маскав мегӯяд, ин марказ ба “яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон” табдил ёфтааст.
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аз ҳатмӣ шудани ваксина то гӯшанишинии 10-рӯза ва тӯйҳо: муроҷиати Ситод ба тоҷикистониён
Собянин қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи ваксинагирӣ алайҳи бемории хатарнок “ҷорӣ намудани иқтидорҳои иловагиро талаб мекунад”.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи раиси шаҳр, танҳо дар 24 соати охир дар Маскав 105 ҳазор нафар алайҳи коронавирус эм карда шуданд ва ин “миқдори астрономӣ” аст.
Маврид ба зикр аст, ки аз охири моҳи июн дар Сахарово ва маркази савдои “Садовод” ду маркази эмкунӣ барои муҳоҷирон амал мекунад, ки барои ваксинагирии тақрибан 4 ҳазор нафар дар як рӯз пешбинӣ шудаанд.
Ба иттилои шаҳрдории Маскав, ҳатто ин хеле ночиз шуд, зеро талабот ба ваксина хеле афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0