Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 мешавад

© ФФТМолодежная сборная по футболу Таджикистана
Молодежная сборная по футболу Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Конфедератсияи футболи Осиё феҳрасти кишварҳои мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022 миёни футболбозони то 23- соларо тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор гирифт, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро мизбонӣ мекунанд, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зӯрозмоии яке аз гурӯҳҳо аз 23 то 31-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бозиҳои даври интихобии тимҳои қисмати ғарбии Осиё дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешаванд. Дар минтақаи шарқӣ бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022 - ро Муғулистон, Индонезия, Сингапур, Тайланд ва Тайбэйи Чин мизбонӣ мекунанд.
   Принц Уильям и герцогиня Кембриджская с сыном, празднуют победу в футбольном матче ЕВРО-2020 на стадионе Уэмбли в Лондоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Аз Эрдуғон то Бэкхем: мансабдорони воломақом, ки ба тамошои футбол омаданд
Маросими қуръакашии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни тимҳои то 23-сола рӯзи 9 июл дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тимҳои бозигарони то 23-сола аз 43 кишвар ширкат меварзанд, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар қисмати Шарқ 5 гурӯҳ зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни 2022 дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ёздаҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0