Ҷудо: исми чор варзишгари тоҷик дар феҳрасти иштироккунандагони Бозиҳои олимпӣ

© REUTERS \ Kim Kyung-HoonОлимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония
Олимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Чор варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо имкони иштирок 32-юм Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Чор варзишгари тоҷик имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо карданд. Феҳрасти иштирокдорони бозиҳои олимпиро дар риштаи ҷудо Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) таъйид кардааст.
Ҳамин тавр, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов тавассути радабандии олимпии ҷаҳонӣ ва як нафар — Акмал Муродов тариқи радабандии олимпии қоравӣ имкони ширкат дар 32-юм Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.
Аммо, дар умум дар бозиҳои олимпии Токио-2020 11 варзишкори тоҷик ширкат хоҳанд варзид.
Гуфта мешавад, дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 129 давлати 5 қитъа 391 варзишгар (199 мард, 192 зан) иштирок мекунанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 нафар зиёд мебошад.
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Варзишгаре, ки танҳо як сол Тоҷикистонро намояндагӣ кард, роҳхат ба Бозиҳои Токио гирифт
Дар асоси низомнома, ки соли 2018 нашр шуд, ба Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи ҷудо бояд 386 нафар (193 мард, 193 зан) интихоб мегардиданд.
Қуръакашии мусобиқаи олимпии ҷудо 23 июл – дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ сурат мегирад. Мусобиқа аз 24 то 31 июл доир мегардад. Ҳар рӯз варзишгарон дар як вазн миёни мардон ва як вазн миёни бонувон гӯштин мегиранд.
Варзишгарони тоҷик аз 26 июл мусобиқаро оғоз мекунанд. Дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ мебарояд. Дар ин дараҷаи вазнӣ иштироки 36 нафар (аз ҳама бештар) дар назар аст. 27 июл Акмал Муродов дар вазни -81кг ҳамроҳи 33 нафари дигар барои медал талош хоҳад кард.
Сипас, 28 июл мо шоҳиди ҳунари Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мегардем. Дар ин вазн 33 нафар ширкат мекунанд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг рӯзи 30 июл, ҳамроҳи 21 нафари дигар қувваозмоӣ хоҳад кард.
Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ба номи Косанов
Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад, ки дар ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид.
Онҳо Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) мебошанд.
Соли гузашта ин Олимпиада ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд.
Лентаи хабарҳо
0