Вазъ бо Толибон: вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо Амрико музокирот доранд

© AFP 2023 / HOSHANG HASHIMIАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Дар Амрико ҳоло вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доранд ва бо намояндагони ин кишвар дар масъалаи вазъи Афғонистону дидору вохӯриҳо баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Афғонистон гурҳи Толибон* қаламравҳои назаррасро забт намуда ба шаҳрҳои калони ин кишвар ҳамла мекунанд. Ҳамлаҳои Толибон пас аз он қавӣ гардид .ки ИМА неруҳои худро аз Афғонистон берун оварданд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико бо кишварҳое, ки дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон қарор доранд, дар мавриди дастгирии фосмилавии ин кишвар пас аз берун овардани неруҳои худ аз ин кишвар баррасӣ мекунад.
Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирбӣ ба РИА Новости изҳор доштааст, ки Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба Вашингтон ташриф оварданд ва гуфтугӯи телефонии раҳбари Пентагон Ллойд Остин ва ҳамтои турки ӯ дар мавзӯи Афғонистон рӯзи сешанбе ба нақша гирифта шудааст.
"Ман ҷузъиёти ин сӯҳбатҳоро намегӯям, аммо маълум аст, ки мо тамос бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар бораи навъҳои гуногуни кумаке, ки онҳо ба нерӯҳои афғон пешниҳод карда метавонанд, идома медиҳем" , - афзудааст Кирби.
Рӯзи 5 июл президенти Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи суҳбати телефонӣ вазъи мавҷудаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт омодаи кумак кардан ҳастанд. Ҳамчунин дар ин рӯз Владимир Путин бо Шавкат Мирзиёев низ суҳбат намуд
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳамла кардаанд, задухӯрдҳои шадид ҷараён доранд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0