Бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе": пулис зани 55 - соларо боздошт кард

© Pixabay / tookapic Чемоданы в аэропорту
Чемоданы в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Мусофир дар фурудгоҳи Душанбе аснои қабули бағоҷ пай бурд, ки касе аз ӯ пештар борхалмаашро гирифтааст. Ӯ ба кормандони пулис муроҷиат карду онҳо ин мусофири "фаъол" - ро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бағоҷи як мусофир рабуда шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе" иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 21 май рух додааст, вале котиботи вазорат аз муайян ва дастгир шудани гумонбаршаванда имрӯз хабар доданд.
Манбаъ меафзояд, мусофир, ки тариқи хатсайри рақами 104 аз Истамбул ба Душанбе омад, аснои фуруд омадан ва қабул кардани бағоҷ, борхалтаи худро пайдо накард.
Боздошти зани 22-сола бо ҷурми дуздӣ дар шаҳри Гулистон
Зимнан, ӯ ба кормандони милиса аз нопадид шудани бағоҷаш шикоят бурд ва кормандони ин ниҳод дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, зани 55 - соларо ҳамчун гумонбар боздошт намуданд.
Дар хабари вазорат таъйид нашудааст, ки мусофири ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ё Туркия. Танҳо қайд гардидааст, ки ҳаҷми зарари расида 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0