Черчесов аз вазифа сабукдӯш шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксФутбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия
Футбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Иттифоқи футболи Русия бо Станислав Черчесов қабл аз муҳлат шартномаро бекор кард
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Станислав Черчесов аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Русия сабукдӯш шуд.
Қатъи пеш аз мӯҳлати қарордод бо ибтикори Иттифоқи футболи Русия оғоз шудааст.
"Якҷоя бо Станислав Саламович мо қарор додем, ки шартномаи ӯро бекор кунем", - гуфт президенти ИФР Александр Дюков.
Ин созмон афзуд, ки онҳо ба ҷустуҷӯи ситоди нави мураббиён барои тими миллии Русия шурӯъ карданд.
"ИФР ба ҷустуҷӯи номзадҳо ба вазифаи сармураббӣ шурӯъ мекунад, ки дастаро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 омода мекунад", - изҳор дошт Дюков.
Қарори бекор кардани шартнома бо Черчесов пас аз мағлубият ва хориҷ шудани дастаи мунтахаби Русия аз Чемпионати Аврупо оид ба футбол - 2020 гирифта шудааст. Дар аввал шартнома то соли 2022 баста шуда буд.
Дар доираи марҳилаи гурӯҳии Евро-2020 дастаи мунтахаби футболи Русия бохти калон гирифт. Бозии ҳалкунанда байни дастаҳои Русия ва Дания дар Копенгаген дар варзишгоҳи "Паркен" баргузор шуд ва ин бозӣ бо ҳисоби калони 1:4 ба фоидаи Дания анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала