Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Дар ҳавои тафсон эҳтимоли заиф шудани масунияти инсон ҷой дорад, аз ин рӯ ҷараёни коронавирус ҳам шадидтар мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Гармӣ ҷараёни бемории коронавирус ва дигар касалиҳоро шадидтар мекунад, менависад РИА Новости бо истинод ба Андрей Тяжеленко, мутахассиси озоди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои аҳолии калонсоли Раёсати тандурустии Маскав.

"Дар ҳавои тафсон хавфи мубталои коронавирус шудан бештар аст, зеро дар чунин шароит масунияти инсон заифтар шуда, организми одам дар қиболи ҳар гуна вирусу бактерияҳо қобилияти мубориза бурданро аз даст медиҳад", - тавзеҳ додааст Тяжеленко.

Номбурда тавсия медиҳад, ки барои суст нагардидани масуният, гирифтани ваксин шарт ва зарур аст. Ӯ мегӯяд, нафароне, ки дар гурӯҳи хавф қарор доранд, бояд пеш аз ҳама ваксин гиранд то организми онҳо дар муқобили ҳар гуна вирус қавитар шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 7 то 10 июл ҳавои тафсони тоқатфарсоро пешгӯӣ карда буд.
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик
Ба тавсияи мутахассисон дар ҳавои гарм дохили утоқи ҷойи кор ва ё манзили зист ҳарорати мӯътадил бояд нигоҳ дошта шавад.
Зуд-зуд шамол додани дохили хона ва ҳамчунин бо латаи тар тамиз кардани утоқи зист аз тавсияҳои дигари мутахассисон мебошад, ки риоя кардани онҳо боиси роҳати инсон мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала