Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки идут по улице в защитных масках
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар ВМКБ борон мебораду дар вилояти Хатлон ҳаво то 46 дараҷа тафсон мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +18 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад, вале дар ин минтақа бориш пешгӯӣ намешавад. Ҳаво дар водиҳои Суғд рӯзона то +41 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +29 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +46 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +39 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст.
Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо то +43 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +42 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала