Ҳамсояи нав? насби парчами Толибон дар пули байни Тоҷикистону Афғонистон - акс

© REUTERS / OMAR SOBHANIВооруженный человек, выступающий против восстания талибов
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашр шуд, ки дар он, дар пули байни Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Афғонистон парчами ҳаракати экстремистии Толибон* намоён мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Фатҳиддини Замон дар Фейсбук бо изҳори нигаронӣ хабар додааст.
Бино иттилои рӯзноманигор, дар дар болои пул дар шаҳри Хоруғ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, парчами миллии Афғонистон барканда шуд.
"Ба ҷои он парчами Толибон гузошта шуд. Ҳамсояҳои нав!", - менависад вай.
Пештар дар Телеграм наворе нашр шуда буд, ки дар он низ сокинон аз насб шудани парчами Толибон дар он тарафи Ому хабар медоданд.
Пештар навори расидани Толибон ба пули Шерхон Бандар нашр шуда буд.
Дар ин наворе, ки ҳамагӣ 14 сония тӯл мекашад, ду сарбози Толибон дида мешаванд, ки болои пул ба самти Тоҷикистон қадам мезананд ва оне, ки наворбардорӣ мекунад, ба касе ба забони пашту гузориш медиҳад.
“Ҳоҷӣ соҳиби муҳтарам, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу! Ин пули Шерхон Бандар аст, ки байни Тоҷикистону Афғонистон аст ва рӯбарӯй, ки кадом ободӣ маълум мешавад ва кадом баландманзил маълум мешавад, Тоҷикистон аст ва дарёи Ому мебошад!” – мегӯяд ӯ.
Бандари Шерхон рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 аз сӯи ҷангиёни ҳаракати "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) мавриди ҳамла қарор гирифта, субҳи рӯзи 22 июн ба дасти онҳо афтод.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 134 хизматчии ҳарбии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур намуда, ҷон ба саломат бурданд.
* Ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала