Ҳиҷоб ё чодар: Толибон стандарти ҳиҷоби занонро мушаххас кард – акс

© AFP 2023 / NICOLAS ASFOURIЖенщина в Афганистане в парандже
Женщина в Афганистане в парандже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* дар минтақаҳои зери назорати худ бо пахши эъломияе стандарти ҳиҷоби занонро мушаххса карданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Толибон бо пахши эъломияҳо занонро ба пӯшидани бурқа ва чадор даъват кардаанд ва пӯшидани чадорро мазҳари ҳиҷоб намедонанд.
Дар эъломияи Толибон ҳамчунин омадааст, ки занон бидуни ҳамроҳи марди муҳаррам дар шаҳр ё хиёбонҳо гаштугузор накунанд.
Ин эъломия дар ҳолест, ки Толибон қаблан фармоне содир карда буданд, ки дар он занон наметавонанд бидуни муҳаррам шаръӣ ба берун аз хона бираванд ва дар маҳфилҳои арусӣ, ки дар он созусуруд бошад, набояд касе ширкат кунад.
Занони Афғонистон ба вижа насле, ки ҳаргиз ҳукмронии Толибонро ба чашм надидаанд, аз қудрат гирифтани ин тундравҳои мазҳабӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сахт ҳаросонанд, шояд ҳаросонтар аз боқӣ бахшҳои ҷомеъа.
Бои за Афганистан — районы под контролем талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибон
Ҳафтаи гузашта Толибон дар як баёнияи дар бораи ҳукумати дилхоҳашон эъхлон карданд. Баёния ҷузъиёти каме дошт. Тазмине дода нашуд, ки занон битавонанд дар арсаи сиёсат мушорикат кунанд ё иҷоза дошта бошанд бидуни ҳамроҳаи хешованди мард, озодона тардид кунанд. Бисёриҳо аз оқибатҳои ваъдаҳои Толибон нигарон ҳастанд. Масалан, "ҳиҷоби саҳеҳ" ё тазмини "ҳуқуқи шаръӣ" дасти Толибонро боз мегузорадто тафсири ифротгароёна аз ин дасти қавонин ироа кунанд.
Лентаи хабарҳо
0