Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Беҳуш шудам: Манижа гуфт, пас аз баромад дар Евровидение бо ӯ чӣ рух дод

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Омодагиҳои дилгиркунанда Манижаро сахт азоб доданд: сароянда нақл кард, ки пас аз ба саҳна баромадан дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 худро чӣ гуна эҳсос кард
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 Манижа Сангин пас аз баромад дар даври ниҳоии озмун асабӣ шуд.
Дар ин бора сароянда дар мусоҳиба бо РИА Новости нақл кард.

"Вақте ки ман аз саҳна баргаштам, ба по рост истода наметавонистам - ман бисёр гиря кардам, ман истерика доштам", - гуфт ҳунарманд.

Ба гуфти Манижа, дар поёни ҳунаранамоияш овозаш сахт меларзид, "аз эҳсоси он, ки ҳама чиз ба поён мерасад". То он лаҳза сароянда эҳсос намекард, ки чӣ қадар хаста шудааст.
Репетиция финала конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Миллионҳои Манижа: сароянда барои Eвровидение - 2021 чӣ қадар маблағ харҷ кард?
Ӯ гуфт, омодагӣ барои ҳунарнамоӣ дар Евровидение 2021 шадид буд. Сароянда дар якҷоягӣ бо ҳамовозонаш дар давоми моҳ тақрибан 50 маротиба тамрин кард ва ҳар вақт сурудро бо эҳсосоти баланд иҷро менамуданд.

"Зани рус" нерӯи зиёдро талаб мекунад. Ман метавонам як консерти сесоата барпо кунам ва хаста нашавам, аммо аз иҷрои ин суруд хеле хаста шудам ", таъкид кард Манижа.

Овозхон афзуд, ки ҳангоми тамрин ӯ якчанд маротиба аз стресс ва аз сабаби пӯшидани ниқоби тиббӣ, ки дар он нафаскашӣ душвор буд, беҳуш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Евровидение - 2021 дар Нидерланд аз 18 то 22 май баргузор шуда буд.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Сарояндагони 26 кишвар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ, Манижа ҷои нӯҳумро ишғол кард ва гурӯҳи роксарои итолиёвӣ Мэнескин мақоми аввалро аз худ кард.
Бо вуҷуди натиҷаи наонқадар назаррас, намояндаи Русия бо ҳунарнамоӣ ва суруди ғайриоддии худ ҳам тамошобинон дар Русия ва ҳам хориҷаро тасхир кард.
Лентаи хабарҳо
0