Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Миллионҳои Манижа: сароянда барои Eвровидение - 2021 чӣ қадар маблағ харҷ кард?

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксРепетиция финала конкурса Евровидение-2021
Репетиция финала конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Евровидение ба ҳунармандон даромад намеорад, баръакс аз онҳо харҷи зиёди маблағро талаб мекунад: сафар ба озмун дар соли 2021 чӣ қадар арзиш дошт?
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Сарояндаи тоҷиктабори муқими Русия Манижа Сангин барои сафар ба Евровидение-2021, беш аз 10 миллион рубл харҷ кардааст.
Дар ин бора овозхон дар мусоҳиба бо РИА Новости нақл кард.
Ба гуфти ҳунарманд, як қисми хароҷотро шабакаи якум бар ӯҳда гирифт.

"Шабакаи аввал пули ариза (барои иштирок дар озмун ва пахши он - шарҳ аз идора) парвоз ва меҳмонхонаҳоро пардохт кард, ки пули зиёд аст. Аммо онҳо барои худи ҳунарнамоӣ масъул нестанд", - гуфт Манижа.

Овозхон қайд кард, ки дар соли 2021 хароҷоти иштирокчиёни Евровидение зиёд шуд, зеро лозим буд, ки барои сабти эҳтиётии намоишҳои худ маблағи иловагӣ харҷ кунанд. Ин сабт дар сурати ба таври онлайн баргузор шудани озмун лозим мешуд.
"Барои сохтани чунин видео низ маблағи зиёд зарур аст. Мо онро бо Шабакаи аввал тақсим кардем. Онҳо қисми техникиро таъмин карданд: студия, микрофонҳо, чароғҳо ва ғайра", - шарҳ дод Манижа.
Бояд гуфт, ки ҳунарнамоӣ дар Евровидение ба сарояндагон даромад намеорад, балки маъруфияти онҳоро меафзояд, ки ин ба баланд шудани ҳаққи ҳунарманд мусоидат мекунад.
Манижа в финале Евровидения - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
Ёдовар мешавем, ки Евровидение - 2021 дар Нидерланд аз 18 то 22 май баргузор шуда буд.
Сарояндагони 26 кишвар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ, Манижа ҷои нӯҳумро ишғол кард ва гурӯҳи роксарои итолиёвӣ Мэнескин мақоми аввалро аз худ кард.
Бо вуҷуди натиҷаи наонқадар назаррас, намояндаи Русия бо ҳунарнамоӣ ва суруди ғайриоддии худ ҳам тамошобинон дар Русия ва ҳам хориҷаро тасхир кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала