Нахустин шикасти "Истиқлол" дар мавсими нави Лигаи Олӣ

© Пресс-служба "Истиклола"Футболисты клуба "Истиклол"
Футболисты клуба Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Дастаи “Истиқлол” дар ин дидор аз тими “Истаравшан” бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ин аввалин бохти тими Душанбе дар мавсими нав аст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тими "Истаравшан" дар бозиҳои Лигаи олӣ бар дастаи "Истиқлол" пирӯз шуд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 7 июл бозии мавқуфмондаи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Истиқлол” баргузор шуд.
Дастаи “Истиқлол” дар ин дидор аз тими “Истаравшан” бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ин аввалин бохти тими Душанбе дар мавсими нав аст.
Голҳоро дар ҳайати тими Истаравшан Илҳом Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов заданд. Як голи “Истиқлол”-ро Рёта Нома ба номаш сабт кард.
Бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 10-11 июл баргузор мешаванд.
Дар ин давр КМВА бо “Истиқлол”, “Хатлон” бо “Равшан”, “Хуҷанд” бо “Истаравшан”, “Душанбе” бо “Куктош”, “Эсхата” бо “Файзканд” вомехуранд.
Лентаи хабарҳо
0