Низомиёни афғоне, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ба ватан баргаштанд

© REUTERS / MOHAMMAD ISMAILВоеннослужащий афганской армии на трассе Джелалабад - Кабул
Военнослужащий афганской армии на трассе Джелалабад - Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон *дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистон паноҳ бурданд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Ҳудуди 230 сарбози паноҳанда ба Тоҷикистон бар асари ҷанг бо Афғонистон бозгардонда шуданд.
Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҳамдулло Муҳиб мегӯяд: Ин сарбозон, ки бар асари шиддати ҷанг бо Толибон дар Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурда буданд, дубора ба сафҳои нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ ба Афғонистон бозгаштанд.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Агар фардо ҷанг шавад: СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ кор мекунад
Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурданд ва дар натиҷа бисёре аз шаҳристонҳои ин вилоят низ ба дасти Толибон суқут кардааст.
Намояндаҳои вилояти Бадахшон дар маҷлиси Афғонистон низ гуфт: Аз миёни 27 шаҳристони Бадахшон, танҳо Карон ва Манҷон дар дасти давлат ва 26 вилоятҳои дигар таҳти Толибон қарор дорад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе вазъияти амниятии Афғонистонро нигаронкунанда дониста ва аз нерӯҳои амниятии кишвараш хост амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандонашро таъмин кунанд.
Русия ҳам ки як пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад.
Бои за Афганистан — районы под контролем талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибон
Афғонистон ҳудуди 1, 375 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон дорад.
Мақомҳои Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфтанд Толибон*, 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистонро таҳти назорати худ доранд.
* Гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала