Роҳбари “Телевизиони Душанбе” барканор шуд: курсиашро кӣ гирифт?

© Sputnik Игорь ЛекаркинВывеска на здании, где располагается редакция ТВ "Пойтахт". Архивное фото
Вывеска на здании, где располагается редакция ТВ Пойтахт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Маъруф Оқилов таъин шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Гуфта шудааст, ки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳузури кормандони Маъруфҷон Оқиловро муаррифӣ кард.
Бояд гуфт, ки Маъруф Оқилов то ин муддат дар МД “Телевизиони Варзиш” ба ҳайси муовини техникӣ фаъолият дошт. Суҳроб Рауфзода бошад, аз 13-уми январи соли 2017 то 7 июли соли равон дар вазифаи директори “Телевизиони Душанбе” кор кард.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Раҳмон "разведкачӣ" - и асосии марзбонии Тоҷикистонро барканор кард
Телевизиони “Душанбе”, ки дар аввал номи телевизиони “Пойтахт”-ро дошт, дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар заминаи телевизиони ҳамноми ҷамъиятӣ, 6 сентябри соли 2006 таъсис шудааст.
Он бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст
Муассис ва маблағгузори телевизиони “Душанбе” дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Душанбе аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала