Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шералӣ Мирзо бо Сидоров вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

© AP / Rahmat GulСолдат Афганской национальной армии охраняет блокпост, архивное фото
Солдат Афганской национальной армии охраняет блокпост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Дар ин музокирот ҷонибҳо вазъи кунунии Осиёи Марказиро бинобар шиддат гирифтани авзои Афғонистон муҳокима кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти кории вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ генерал-полковник Анатолий Сидоров баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти СААД.
Дар ҷараёни ин музокирот ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ ва ҳарбӣ-стратегии Осиёи Марказиро бинобар шиддат гирифтани вазъи Афғонистон муҳокима кардаанд.
Дар ин мулоқот диққати махсус ба авзои марзи Тоҷикистону Афғонистон дода шудааст.

"Масъалаҳои татбиқи чораҳо барои безарар кардани хавфҳо, чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин баланд бардоштани омодагии муштараки оперативӣ ва ҷангии шӯъбаҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД, инчунин расонидани кумаки ҳарбӣ муҳокима шуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин, ҷонибҳо фирори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Афғонистонро ба Тоҷикистон муҳокима кардаанд.
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Ёдрас мешавем, ки фаъолияти ҷангиёни ҷунбиши радикалии "Толибон" (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Лавров гуфт, дар сурати ҳамла аз Афғонистон, СААД Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва "Толибон" ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад.
Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд.
Беш аз 1000 сарбози афғон пас аз ҷанг бо "Толибон" ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Қаблан Мушовири президенти Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб вазъият дар шимоли кишварро ҷиддӣ хонда буд. Вай афзуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ишғолшудаи "Толибон" ҳамлаи зиддитеррористӣ ба нақша гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала