Дар ноҳияи Спитамен мактабе ба номи муовини пешини Раиси вилояти Суғд гузошта шуд

Школа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мактаби №33-юми ноҳияи Спитамен ба номи Аҳмадҷон Қобилов, муовини пешини Раиси вилояти Суғд гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мацомоти вилояти Суғд, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-юми ноҳияи Спитамен ба номи Аҳмадҷон Қобилов гузошта шуд.
“Бо мақсади абадӣ гардонидани номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-юми ноҳияи Спитамен ба номи Аҳмадҷон Қобилов гузошта шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Аҳмадҷон Қобилов 2 октябри соли 1953 дар ноҳияи Спитамен ба дунё омадааст.
Соли 1970 баъди таҳсил дар мактаби миёнаи №33-юми ноҳияи Спитамен ба факултети гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намуд.
Соли 1975 фаъолияти меҳнатии худро дар идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Спитамен ба ҳайси муҳандис-гидротехник оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Профессор Бахриддин Камолиддинов, известный языковед и лингвист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Дар Суғд ба номи Баҳриддин Камолиддинов мактаб номгузорӣ шуд
Моҳи январи соли 2009 бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Спитамен таъин гардида, сипас дар вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд низ фаъолият дошт.
Гуфта шудааст, ки мавсуф дар давоми фаъолияти меҳнатиаш вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аҳмадҷон Қобилов 29 сентябри соли 2020 дар синни 67 солагӣ аз олам даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0