Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон дархост кард: Фурқат, ки бо талаби Қирғизистон дар Русия ҳабс гардид, озод шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Фурқат Абдуфаттоевро бо дархости Қирғизистон дар Русия дар пайи муноқишаҳои марзӣ боздошт карда буданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Абдуфаттоев Фурқат, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия бо дархости Қирғизистон ҳабс шуда буд, озод гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуртаураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Абдуфаттоеви 45-сола дар ҳудуди Бошқирдистон бо дархости истирдодии Қирғизистон дастгир шуда буд.
Далели боздошти вайро ҷониби Қирғизистон иттиҳомот дар пайи бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадии Исфараву ноҳияи Боткан арзёбӣ кардааст.

Аммо ҷониби Тоҷикистон бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбнома ба Прокуратураи генералии Русия дархост ирсол кардааст, ки Абдуфаттоев озод шавад.

6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан нисбати Абдуфаттоева Ф.А. тағйир дода шуда, охирон аз ҳабс озод карда шуд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон хисороти соҳибкорон аз муноқиша бо Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Ёдрас мешавем, садҳо километр ҳудуди номуайян дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сабаби зуд-зуд сар задани муноқишаҳои марзӣ байни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Пештар фаъолони қирғиз низ дар пайи муноқишаҳои марзӣ ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аз низомиёни тоҷик шикоят бурда буданд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд
Ҳуқуқшинос Сания Токтоғазиева ба додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ борои оғози тафтишот алайҳи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба амалҳои онҳо нисбати аҳолии осоиштаи Қирғизистон дархост равон карда буд.
Вай таъкид кард, ба онҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони зарардида дар ҷамъоварии аксҳо ва далелҳои видеоӣ кӯмак карданд.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш мақомоти Қирғизистон аз ин иқдоми ҳуқуқшинос изҳори нагаронӣ карданд ва таъкид карданд, ки ин метавонад ба равобити дуҷонибаи ду кишвар таъсири ҷиддӣ расонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала