Туркманистон амнияти марзҳояш бо Афғонистонро тақвият медиҳад

© PixabayКолючая проволока, архивное фото
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон, ба хусус дар манотиқи шимолӣ, ҳукумати Туркманистон маҷбур сохтааст, амнияти марзҳои худро бо ин кишвар тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Туркманистон бо ҳузури раисҷумҳур Қурбонқули Бердимуҳаммедов мавзӯъоти мухталифи амниятии дохилӣ ва хориҷии ин кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа пас аз баррасии вазъияти низомӣ дар Афғонистон таъкид шуд, ки тадобири лозим барои тақвияти навоҳии марзӣ ҳарчӣ зудтар иҷро шавад.
Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Туркманистон дар назар дорад то сомонаҳои мушакии худро дар 130 километрии марз боАфғонистон ва дар устони “Марӣ” ва “Лабоб” мустақар кунад.
В Тегеране состоялась встреча представителей Талибана и правительства Афганистана с руководством Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Сафари ҳайати Толибон ва давлати Афғонистон ба Теҳрон
Илова бар ин дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд таҷҳизоти низомии шомили чандин фарванди ҷанганда ва болгарди низомӣ ба фурудгоҳи ҳавои Мари 2 мунтақил шавад.
Дар ин ҷаласа муқарар шуд дар сурати лузуми ронандагони ғайринизомӣ то синни 60 сол барои ронандагии мошинҳои боркаш, бензинкашҳо, прицепҳо ва мошинҳои нақлиётии беморон ба кор ҷалб карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки Толибон* минтақаи ҳаммарз бо Туркманистон Андҳойро забт карданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0