Вазорат омори нави гирифторӣ, фавт ва шифо аз коронавирусро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 29 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд, гузориш медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ҳамчунин 24 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 июл дар кишвар 13719 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад
Аз ин шумора то санаи зикргардида 13461 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 97 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ёдрас мешавем, аз мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон 21 июн расман иттилоъ дода шуд. Тибқи иттилои расмӣ дар ин давра то имрӯз 7 тан ва ғайрирасмӣ ҳудудан 20 тан қурбон шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала