Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорат гуфт, киҳо дар Тоҷикистон ваксин намегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка на улице в защитной маске
Девушка на улице в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки кадом нафарон дар Тоҷикистон ваксин намегиранд ва ё ваксингирии онҳо ба таъхир гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола боло ҳатмӣ гардид. Чунин қарорро Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронаиврус ба тасвиб расонд. Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳи одамонеро қайд кард, ки гирифтани ваксин барои онҳо манъ аст.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷафаров, занҳои ҳомила дар Тоҷикистон ба иммунизатсия ҷалб нахоҳанд шуд. Ҳамчунин заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, низ ваксин намегиранд.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат теъдоди шаҳрвандони ваксингирифтаро эълон кард
Ҷафаров ҳамчунин зикр намудааст, афроде, ки ҳарарати бадани онҳо баланд аст ва ё хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ дар онҳо мушоҳида мешавад, ваксинзании онҳо ҳам то як муддати муайян ба таъхир гузошта мешавад.
Илова бар ин, нафароне, ки дар давраи ваксингирӣ мубталои коронавирус гардидаанд, эмшавии онҳо танҳо пас аз 6 моҳ имконпазир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре "CoronaVac" мебошад.

"Афроде, ки маротибаи аввал бо яке аз ин ду ваксин эм мешавад, вояи дуюм ҳам маҳз бо ҳамон ваксин хоҳад гирифт", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва то 7 июл дар ҷумҳурӣ 339 749 нафар алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала