Бонкҳои Туркия вориди бозори Тоҷикистон мешаванд

© Национальный банк ТаджикистанаГлава НБТ встретился с послом Турции в РТ Эмре Зеки Карагёл
Глава НБТ встретился с послом Турции в РТ Эмре Зеки Карагёл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Туркия даъват кардааст, ки филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон боз шаванд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Эмре Зекӣ Карагёл, сафири Туркия ва мушовири тиҷоратии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.
“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”, - қайд кард раиси Бонки миллӣ.
Дар навбати худ сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, зикр кардааст, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Тоҷикистон бо Туркия бозорҳои нави фурӯши маҳсулот меҷӯяд
Тарафҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала