Дуздии тилловорӣ дар ҳаҷми калон аз бозори "Меҳргон" дар Душанбе

© PixabayЮвелирные изделия, архивное фото
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Маблаи зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздии тилло дар ҳаҷми калон дар калон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, санаи 1-уми июни соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи фӯрушаш, воқеъ дар бозори "Меҳргон" шуда, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Дуздии ноқили барқ аз дохили корхонаи “Техноинвест”: ду ҷавони 18-сола боздошт шуд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт бо ҳамрохии рафиқонаш Муҳаммад ва Изат ном шахсон содир намудааст.
Барои муайян ва дастгир намудани Муҳаммад ва Изат ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала