Ҳодисаи нохуш дар Хуҷанд: зани ҷавони сари чанбарак пиёдагарди 60-соларо пахш кард

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе, архивное фото
Скорая помощь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садмаи маргборе бо ширкати ду зан хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар паи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ зани 60-сола ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи нохуш, рӯзи 8-уми июл, тахминан соати 11:00 рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, сари чанбараки худрави "Опел-астра", Ҷ.З.А. бонуи 24 сола, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе Бохтар: ронанда мошинро чаппа карду ҳалок шуд
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи К.Хуҷандӣ, дар рӯ ба рӯи мағозаи "Анис", бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагардро пахш намудааст.
Ҳалокат дар роҳ: рух додани ду садамаи маргбор дар як рӯз дар Тоҷикистон
Пиёдагард, сокини шаҳри Хуҷанд буда, 60 сол доштааст.
"Дар натиҷа Ҷ. М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорд.
Лентаи хабарҳо
0