Лавров ба Душанбе сафар мекунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Мавзӯи нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ афзоиши нуфузи Толибон дар Афғонистон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти гурӯҳи тамосии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 14 июл дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора зимни брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. Дар ин ҳамоиш ба вазъи Афғонистон, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ҷумҳурӣ шиддат гирифтааст, баррасӣ хоҳад шуд.
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Сиёсатшиноси исроилӣ: пас аз Афғонистон Толибон* ба Тоҷикистон мегузаранд
"Намояндаи Кобул арзёбиҳои худро ба вазъият, дидгоҳи ҷониби Афғонистон дар бораи ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар шароити кунунӣ мубодила хоҳад кард" - гуфт Захарова.
Ғайр аз он, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин ташкилот дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро низ баррасӣ мекунанд. Дар охири ҷаласа намояндагони давлатҳо изҳороти муштарак медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ванг И низ иштироки худро дар саммити дарпешистодаи СҲШ тасдиқ кард ва аз 12 то 16 июн аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дидан хоҳад кард.
Ба гуфтаи намояндаи расмии ин департамент Ван Венбин, тағиротҳо дар Афғонистон дар марҳилаи муҳим қарор доранд.
"Кишварҳои узви СҲШ дар наздикии ин кишвар ҷойгиранд, онҳо метавонанд дар пешрафти раванди сулҳи Афғонистон нақши созанда бозанд", - гуфт Вэнбин.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Толибон* аз шомил шудани гурӯҳҳои этникии тоҷикҳо дар ҳукуматашон хабар доданд
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон пас аз шурӯи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин ҷумҳурӣ ташдид гирифт.
Дар ин вақт, аъзои ҳаракати радикалии Толибон* дар кишвар фаъолтар шуданд. Ҷангҷӯён ба забти қаламрави Афғонистон бо суръати бениҳоят шурӯъ карданд, аз ҷумла нуқтаҳои аҳолинишин ва посгоҳҳо бо кишварҳои ҳамсояро азхуд намуданд.
Наздикии Толибон ба марз мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳампаймонҳои онҳоро нигарон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала