Олимпиадаи Токио-2020 баргузор мешавад, вале бидуни мухлисон

© REUTERS / Kim Kyung-Hoon/PoolТалисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 август баргузор шаванд.
ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Олимпиадаи Токио-2020 бидуни мухлисон баргузор мешавад, гузориш медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 Ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Токио ҳолати фавқулодда ҷорӣ намуд.
Сарвазири кишвар Ёшиҳиде Суга тасмим гирифт, ки шаҳрро аз рӯзи душанбе -12 июл то 22 август зери маҳдудиятҳои шадидтарин нигоҳ дорад.
Аз ҷумла Олимпиадаи Токио-2020 низ бидуни мухлисон баргузор мешавад.
Дар ибтидо, созмондиҳандагони Токио-2020 розӣ буданд, ки Токио ҳангоми аз вазъи фавқулодда берун шудан, ҳадди аққал 10 000 мухлис ё 50 фоизи иқтидори майдонро иҷозат диҳанд.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Эълони теъдод ва рӯзҳои мусобиқаи ҷудокорон дар Токио
Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 август баргузор шаванд.
Аз замони сар задани пандемияи COVID-19 дар аввали соли 2020 ин чорумин ҳолати фавқулоддаи Токио хоҳад буд.
"Мо умедворем, ки одамонро дар таътили тобистона, то даме ки ҳама ваксина мегиранд, ҳифз кунем", — гуфтааст вазири эҳёи иқтисодӣ, масъули вокуниши COVID-19 Ясутоши Нишимура.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Ҷопон танҳо 15,2 фоизи аҳолии худро пурра ваксина кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала