Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Талаби Қирғизистон аз Тоҷикистон барои бозгардонии марзбони қирғиз

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии Қирғизистонро, ки дар паи муноқишаи марзӣ дастгир шудааст, баргардонад.
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳангоми тирпарронӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар наздикии ағбаи Чашмагилдан рӯзи 8 июл як хизматчии ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт ва ба қаламрави Тоҷикистон бурда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти вазорат.
"Ҳоло намояндагони марзбонии ду кишвар дар маҳалли тирпарронӣ қарор доранд ва ин далелро таҳқиқ мекунанд. Намояндаи марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Ботканд Киёлбек Толонбоев аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии дар ин ҳодиса боздоштшударо баргардонад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Тибқи иттилои манбаъ, музокирот идома дорад. Бино ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон қайд кард, ки рӯзи 8 июл тахминан соати 17:00 дар қисмати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи ағбаи Чашмагилдан, отряди марзбонии Қирғизистон мавриди ҳамлаи низомиёни тоҷик қарор гирифт.
Израильские пехотные солдаты входят в сектор Газа из Израиля с боевым заданием, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боиси марги як сарбоз шуд
Дар паи ин ҳодиса тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа як хизматчии ҳарбии Қирғизистон кушта шуд.
Вале, тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, чор шаҳрванди Қирғизистон марзи давлатро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст. Артиши Қирғизистон бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ будаанд.
Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки онҳо ният доштанд аз минтақаи Деваштич ба қаламрави ҷумҳурии худ 9 асп интиқол диҳанд.
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Баъди тирпарронии дирӯза: вазъи марз бо Қирғизистон чигуна аст?
Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи фармони охирин барои убури сарҳади давлатӣ, ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар оташи ҷавобӣ, ду марзбони қирғиз маҷрӯҳ шуданд.
Дар навбати худ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қайд кард, ки марзбонон дар минтақаи ағбаи Наумини ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд хидмат мекарданд ва дар масири муайян ҳаракат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала