Дар ВМКБ борону дар Хатлон то 46 дараҷа гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевОкрестности города Душанбе с высоты
Окрестности города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар ВМКБ борон мебораду дар вилояти Хатлон ҳаво то 46 дараҷа тафсон мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +18 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад, вале дар ин минтақа бориш пешгӯӣ нашудааст. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +41 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +30 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +46 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +39 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо то +43 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +42 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0