Чангу ғубор, борон ва то 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии обу ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Ҳаво тафсон аст, вале дар аксар ноҳияҳои минтақа боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.Оҷонсии ҳавошиносон имрӯз дар мамлакат ҳавои ғуборолуд, боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони кӯтошмуддат пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 ва шабона 13+18 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ бошад, рӯзона 15+20 ва шабона 4+9 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд, шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво рӯзона 32+37 ва шабона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Бод бо суръати 4-9 метр мевазад. Рӯона ҳаво то 37+42 ва шабона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво рӯзона 37+42 ва шабона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Рӯзона ҳаво то 38+40 ва шабона 21+23 дараҷа гамр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0