Ҳамдардии президент ба хонаводаи Ҳоҷиев, марзбони кушташуда: оилааш хонаи нав мегирад

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото
Пограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Аз Ҳусниддин Ҳоҷиев, марзбони кушташудаи қирғиз дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳамсар ва писар боқӣ монданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Оилаи марзбони кушташуда, Ҳусниддин Ҳоҷиев бо хонаи нав дар Бодканд ба масоҳати 82 метри муарббаъ таъмин хоҳад шуд, иттилоъ дод намояндаи Кобинаи вазирони Қирғизистон дар Бодканд, Абдукарим Алимбоев.
Хонаи нав бо дастури Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, барои дастгирии оилаи марзбони марҳум ҷудо карда мешавад. Ҷабборов инчунин ба наздикони Ҳоҷиев ҳамдардӣ баён кардаст, хабар дод Sputnik Қирғизистон. Маросими ҷанозаи марзбон субҳи 10 июл баргузор шуд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон сарҳадбони боздоштшудаи қирғизро раҳо кард
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки соати 14:55 дақиқаи рӯзи 8 июл дар ҳудуди ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд марзбонҳои қирғиз сарҳадшиканӣ кардаанд, ки дар натиҷа ду марзбони қирғиз захмӣ шуданд. Мақомоти Қирғизистон марзшикании сарҳадбонҳояшро рад карда, иттилоъ дод, ки яке аз марзбонҳо Ҳусниддин Ҳоҷиев даргузашт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала