Муаррифии либоси олимпии тими Тоҷикистон

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМуаррифии либоси тими миллии олимпии Тоҷикистон
Муаррифии либоси тими  миллии олимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, либоси расмӣ ва варзишии ҳайати олимпии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Маросими муаррифии либоси расмии ҳайати олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии КМО баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумита, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад.
"Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Тақдими гранти ноиби президенти КМО Тоҷикистон ба Дилшод Назаров, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Шамсулло Соҳибов як миллиони ваъдагияшро ба варзишгарон дод: киҳо гирифтанд - акс
Таъкид шудааст, ки маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст.

Ба итилои КМО, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд.

КМО афзуд, ки дар ҷаласа ба роҳбари ширкати “Iamdifferent” Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала