Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Муҳофизи Президенти Қирғизистон мубталои коронавирус шуд: Ҷабборов чӣ ҳол дорад?

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Садир Жапаров
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Ҳарчанд ташхиси Содир Ҷабборов манфӣ аст, аммо бо маслиҳати пизишкон раисиҷумҳур ба худинзивоъ рафт
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Яке аз муҳофизони раисиҷумҳури Қирғизистон ба коронавирус мубтало гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти он кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд ташхиси Ҷабборов манфӣ баромад ва ӯ гирифтори коронавирус нест, вале аз рӯи чораҳои бехатарӣ ва тавсияи мутахассисон, Президент ба гӯшанишинӣ рафт.
Ба худинзивоъ рафтани Ҷабборов дар ҳолест, ки дар Қирғизистон интихоботи вакилон ҷараён дорад ва раисиҷумҳур бевосита дар ин маърака иштирок кардан натавонист.
Ситуация в связи с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
Ҳамин тариқ, Ҷабборов дар интихоботи такрории вакилони Шӯрои шаҳри Бишкек дар манзили худ овоз дод. Комиссияи интихоботӣ барои рҳбари давлат овоздиҳии сайёр ташкил намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон беш аз 1000 ҳолати ҷадиди мубталошавии коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Ситоди фаврӣ алайҳи бемории коронавирус мегӯяд, дар давоми 24 соати ахир, дасти кам 10 нафар қурбони ин беморӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0