Манзили фурӯрафта ва роҳҳои пур аз сангу хок: наворҳо аз заминҷунбии шадиди Тоҷикистон

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Аз заминҷунбие, ки субҳи рӯзи 10 июл Тоҷикистонро такон дод, аз ҳама беш ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт хисорот диданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз заминҷунбии даҳшатбор дар Тоҷикистон роҳ ёфтаанд.
Ин офати табиӣ субҳи имрӯз, 10 июл, тахминан соати 7:15 дақиқа рух дод. Маркази он наздикиҳои ноҳияи Рашт гуфта мешавад.
Сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Рашт ҳолу аҳволи манзили худро пас аз ин офати табиӣ нишон додааст.
Дар навор маълум аст, ки деворҳои қариб ҳамаи ҳуҷраҳои манзили зистӣ ин сокини маҳаллӣ қисман хароб гардидаанд. Тамоми ҷиҳози хона пур аз хок шудааст.
Дар навори дигар хонаи бар асари заминҷунбӣ фурӯрафта нишон дода мешавад. Муаллифи ин навор бо нишон додани хонаи тамоман вайрону валангор мегӯяд: "Бинед чӣ хел шудаст. Ҳамаи хонаву дар чапагардон шудаст, кӣ зинда монду кӣ на..."
Ин манзил дар ноҳияи Тоҷикобод, яке аз ду минтақае, ки аз ҳама беш хисорот диданд, ҷойгир аст.
Навори дигар аз роҳҳои пур аз сангу хоки деҳаи Нимич сабт шудааст. Муаллиф бо нишон додани роҳҳо мегӯяд, "ҳамаи сангу сафол роҳи мошингардро маҳкам намудааст".
Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро заминҷунбии 5.9 дараҷаи Рихтер такон дод, ки дар пай ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти молӣ дошт.
Бар тибқи маълумоти расонаҳои дохилӣ, бар асари ин офати табиӣ 5 нафар ҷон бохтанд, вале котиботи роҳбари давлат мегӯяд, қурбонии заминҷунбии ахир, 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак гардиданд.
Зимнан, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аллакай бо раисони навоҳии Рашту Тоҷикобод дар тамос шуд ва аз оқибатҳои офати табииӣ ҳисобот гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири мамлакат ва раисони ин ду ноҳия бобати сари вақт бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0