Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Қурбоналӣ Раҳмон пас аз чанд рӯзи "набард" бо коронавирус даргузашт

© Аз саҳифаи "Ахбор барои афкор" дар FacebookҲунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи гузашта пайвандони ин ҳунарманди мардумӣ аз ба ҳуш омаданаш хурсандӣ карданд, вале шодии онҳо дер давом накард
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи мубориза бо маризии коронавирус ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
Хабари марги ин ҳунарманди мардумиро Таманно Назриева дар сафҳаи Фейсбукии худ бо як навиштаи пур аз дард гузоштааст.
"Дилам аз моҷарои рафтанат хун асту мегирям... Дод аз дасти фалак! Боз як андӯҳи бузург пайгирамон сохт, нахустшогирди Падари зиндаёдам дӯсту бародар, овозхони хушсалиқаву боистеъдоди ҷумҳурӣ Қурбонали Раҳмон олами ҳастиро падруд гуфт ва қалбҳоро пурхуну афсурда намуд", - навиштааст Назриева.
Ёдовар мешавем, ки Қурбоналӣ Раҳмон авоили ҳафтаи равон ба шифохонаи "Якум Советский" интиқол дода шуд.
Яке аз пайвандони Қурбоналӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи панҷ рӯзи ахир бо аломатҳои “вируси корона” дар хона бистарӣ ва таҳти муроқибати духтурон буд. Аммо пас аз бад шудани вазъи саломатӣ наздиконаш ӯро ба бемористон бурданд.
Рӯзи 9 июл рӯзноманигор Раҷаб Мирзо аз қавли пайвандони овозхон хабар дод, ки ӯ чашмонашро пас аз чанд рӯзи беҳушу беёд боз кард.
Наздикони ӯ ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳақии ин овозхони номӣ дуои шифоёбӣ мекарданд, изҳори миннатдорӣ намудаанд. Вале сад дареғ, ки Қурбоналӣ Раҳмон абадан чашм аз олам пӯшид.
Медсестра у пациента в отделении интенсивной терапии в больнице в Афинах, Греция  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ба "Якум Советский" бурданд: аҳволи овозхони маъруфи тоҷик вазнин шудааст
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).
Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли "Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.
Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли "Дарё" ба кор даромад.
Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси "Сомониён" таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0