Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Наздикони Марям Исоева: аҳли хонавода ва табибон пайваста дар канори ӯянд

© Sputnik / Амир ИсаевАктриса Марьям Исоева
Актриса Марьям Исоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Наздикони Марям Исоева, ҳунарпешаи халқии 84-солаи Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистаристу аз мақомот парастор хоста буд, изҳор медоранд, ки пайваста дар канори беморанд
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Наздикони Марям Исоева мегӯянд, пайвандон пайваста дар канори ӯ қарор дошта, ҳайати тиббӣ низ дар хизмати ӯянд. Изҳорот аз қавли наздикони Исоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он бетаваҷҷуҳӣ нисбати Исоева рад карда шудааст.
Таъкид шудааст, ки ин давраи мушкил, махсусан барои кормандони тиб мебошад, ки пизишкону ҳамшираҳои шафқат оилаҳои худро гузошта, пайваста дар хизмати беморонанд ва ин хизматашон кирои қадрдонист.
Ин изҳорот баъди он нашр гардид, ки Марям Исоева аз бемористони бемориҳои сироятӣ телефонӣ ба хабарнигори pressa.tj гуфтаст, ки ба парастор ниёз дорад.

"Ман хеле азият мекашам. Ҳамшираҳо сӯзандору гузаронида зуд баромада мераванд, ба ман касе нигоҳ намекунад. Илтиҷо мекунам, ки ба ман парастори алоҳида диҳанд, ки ман мемурам. Дар ин ҷо аз бетаваҷҷуҳӣ маро мекушанд" – гуфт, Марям Исоева.

Марям Исоеваи 84 - сола изҳор доштааст, ки аз бемории короновирус не, аз бетаваҷҷуҳӣ азият мекашад: "Гоҳо фарёд мезанам, ки касе наздам ояд, гоҳи дигар бо қошуқ ба стол мекӯбам, ки доди маро шунаванд".
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбоналӣ Раҳмон пас аз чанд рӯзи "набард" бо коронавирус даргузашт
Ҳунарманд аз мақомот хоҳиш кардааст, ки ба ӯ парастори алоҳида бидиҳанд.
"Маблағашро худам медиҳам. Фақат иҷозат диҳанд, ки маро касе нигоҳубин кунад ва ман дар бемористон, дар танҳоӣ намирам", - таъкид кардааст Исоева.
Як ҳамшираи бемористон дар суҳбат бо рӯзноманигор вазъи саломатии ҳунарпешаро муътадил арзёбӣ карда гуфтаст, “ҳар чӣ аз дастамон ояд, карда истодаем”.
Марям Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 84 сол дошта, беш аз як ҳафта аст, ки дар Бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон бо нишонаҳои короновирус бистарӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0