Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Тоҷикистон 100 нафар аз коронавирус ҷон бохтаанд

© Sputnik / Павел БедняковЛечение коронавируса в России
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Фавт аз бемории коронаиврус дар Тоҷикистон ҳамакнун ба 100 нафар баробар шуд. Шабонарӯзи гузашта боз се ҳолати ҷадиди фавт ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта дасти кам 34 нафар мубталои коронавирус гардиданд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта се мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон пизишкони тоҷик рӯзи гузашта тавонистанд 22 нафарро аз ин беморӣ пурра шифо бахшанд.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Боз ду марг аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори навро нашр кард
Бояд гуфт, ки сар аз аввали хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон 13 753 нафар мубтало шуданд, ки аз ин миён 13 483 нафар шифо ёфта, 100 бемори дигар ҷон аз даст доданд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай 340 ҳазор шаҳрвандони мамлакат ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала