Як ҳафта пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ Ашраф Ғанӣ ба фурудгоҳи Багром рафт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз пойгоҳи ҳавоии Багром, раисҷумҳурии Афғонистон аз ин пойгоҳ боздид кард
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Боздиди раисҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ як ҳафта пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин пойгоҳ анҷом гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва симо.
Дар ин боздид мушовири амнияти миллӣ Амруллоҳ Муҳибӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, Ашраф Ғаниро ҳамроҳӣ карданд.
Низомиёни амрикоӣ, пойгоҳи ҳавоии Багромро, ки бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Афғонистон дар шимоли Кобул қарор дорад, дувуми июл тарк карданд ва пас аз таҳоҷуми соли 2001 Амрико ба Афғонистон, ба пойгоҳи аслии низомиёни Амрико табдил шуд ва ҷиноёти риёдӣ дар муддати 20 сол дар Афғонистон муртакиб шудандю
Военнослужащие США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Амрико фурудгоҳи Багромро дар ихтиёри артиши Афғонистон супурд
Пойгоҳи ҳавоии Багром аз бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин пойгоҳҳои Амрико ва махуфтарин зиндонҳои ин кишвар дар Афғонистон башумор мерафт, ки бисёре аз мардуми ин кишвар дар мухолифат бо ҳузури Амрико дар он солҳо зиндонӣ буданд ва ҷиноёти зиёде дар муддати 20 сол дар Афғонистон муртакиб шуданду давлати ин кишвар ҳеч гуна назорате бар он надошт.
Лентаи хабарҳо
0