Маҳдудиятҳои шадиди коронаӣ дар марзҳои Эрон

© AFP 2021 / Atta KenareИранский чиновник в маске во время прохождения дезинфекции в школе в Тегеране
Иранский чиновник в маске во время прохождения дезинфекции в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Дабири кумитаи амниятӣ, иҷтимоӣ ва интизомии Ситоди миллии мудирияти коронаи Эрон эълом кард, ки маҳдудиятҳои шадиди коронаӣ дар марзҳои Эрон ҷорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳусайни Қосимӣ, дабири кумитаи амниятӣ, иҷтимоӣ ва интизомии Ситоди миллии мудирияти коронаи Эрон ва мудири кулли умӯри марзии вазорати кишвар рӯзи шанбе гуфт, ки маҳдудиятҳои шадид дар марзҳои Эрон, чӣ навори марзӣ ва чӣ дар марзҳои муҷоз иҷро мешавад, иттилоъ додаастрадиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Қосимӣ афзуд, қабл аз густариши намуди ҳиндии вируси корона бар асоси мусавваботи Шӯрои олии амнияти миллии Эрони контроли марзҳо ташдид шудааст.
Ба гуфтаи Қосимӣ, тараддуд аз марзҳои муҷоз, ки бо гузарнома анҷом мешуд, сирфан ба ҳафт гурӯҳ маҳдуд шуда, то агар ба марз муроҷиа карданд имкони тараддуд бо риояти протоколҳоро дошта бошанд.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Эрон ба аввалин кишвари минтақа барои тавлиди ваксинаи коронаи “Спутник V” табдил шуд
Дабири кумитаи амниятӣ, иҷтимоӣ ва интизомии Ситоди миллии мудирияти коронаи Эрон таъкид кард, ки вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳар моҳ бар асоси эъломи Созмони ҷаҳонии беҳдошт кишварҳоеро, ки мамнӯъияти тараддуд аз онҳо ба сурати мустақим ва ғайримустақим вуҷуд дорад, эълом мекунад.
Барои муқобила бо вируси корона назоратҳо дар манотиқи марзии Эрон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала