Маҳдудияти парвозӣ аз Эрон ба 39 кишвар: Тоҷикистон дар феҳрист қарор дорад?

Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Сухангуи Созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон эълом кард, маҳдудияти парвозӣ аз Эрон ба 39 кишвар вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муҳаммадҳасани Зибахш, сухангуи созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон бо баёни инки дар ҳоли ҳозир маҳдудияти парвозӣ ба 39 кишвар вуҷуд дорад, гуфт, ки Парвоз аз мабдаи кишварҳое, ки дар феҳристи шароити вижа қарор доранд, ҳамчунон мамнуъ аст.
Зибахш афзуд, ки кишварҳое, ки дар феҳристи кишварҳои пурхатар қарор доранд, мулзам ба анҷоми тести муҷаддад дар Эрон ва риояти илзомоти вазорати беҳдошт ҳастанд.
Сухангуи созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон ҳамчунин гуфт, ки кишварҳои Ҳинд, Ботсванаӣ, Бразилия, Чехия, Ироқ, Эстония, Ирландия, Лесото, Малавӣ, Муозомбик, Словакия, Африқои ҷанубӣ ва Замбия дар феҳристи кишварҳои бо шароити вижаи дорои савияи англисии вируси корона қарор доранд.
Иранский чиновник в маске во время прохождения дезинфекции в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Маҳдудиятҳои шадиди коронаӣ дар марзҳои Эрон
Зибахш тасреҳ кард, ки Фаронса, Покистон, Албания ва чанд кишвари дигар дар феҳристи кишварҳои пурхатар бо бурузи болои беморӣ қарор доранд.
Сухангуи созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон гуфт, ки тараддуд мусталзими ироаи тести PCR-и манфӣ бо эътибори 96 соата дар мабдаъ ва анҷоми тести муҷаддади пас аз вуруд ба кишвар барои мусофирони болои 8 сол дар кишварҳои пурхатар аст.
Зибахш гуфт, ки тараддуд дар соири кишварҳо бо илзоми ироаи тести PCR-и манфӣ бо эътибори 96 соата дар мабдаъ ва анҷоми муроқибатҳо пас аз вуруд ба кишвар ва анҷоми тести муҷаддад дар сурати ниёз биломонеъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала