Рақобати сол: лаҳзаҳои дидании муборизаи Макгрегор ва Поре - видео

Дар Лас-Вегас рақобати миёни ду варзишкори номдори ҷаҳон Конор Макгрегор ва Дастин Поре ҷараён дорад
Мубориза байни Конор МакГрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ дар доираи мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи UFC 264 баргузор хоҳад шуд.
Вохӯрии ҷангиён рӯйдоди асосии сол хоҳад буд. Муборизаи Макгрегор ва Поре барои панҷ давр пешбинӣ шудааст, ки ҳар яки он панҷ дақиқа идома хоҳад кард.
Ин рақобати сеюми миёни ин ду варзишкор мебошад.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Макгрегор ба Поре пеш аз рақобати сеюм паём фиристод
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала