Поре Макгрегорро шикаст дод

© AFP / Logan RielyДастин Порье после боя
Дастин Порье после боя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Дар Лас-Вегас рақобати сол миёни ду варзишкори номдори ҷаҳон Конор Макгрегор ва Дастин Поре анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Мубориза байни Конор МакГрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ дар доираи мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи UFC 264 баргузор шуд.
Вохӯрии ҷангиён рӯйдоди асосии сол буд. Муборизаи Макгрегор ва Поре ин бор низ бо мағлубияти Макгрегор анҷом ёфт.
Ин рақобати сеюми миёни ин ду варзишкор буд.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Макгрегор ба Поре пеш аз рақобати сеюм паём фиристод
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Лентаи хабарҳо
0