Шаҳрдори Маскав гуфт муҳоҷирони меҳнатӣ ба ваксинагирӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Шаҳрдори пойтахти Русия ахиран дар барномаи шабакаи телевизионии Россия 1 таъкид доштааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки имрӯзҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди шаҳри Маскав кор мекунанд, дар ваксинатсия фаъолтаранд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ахиран Сергей Собянин дар бораи алоқамандии муҳоҷирони меҳнатӣ ба раванди ваксинатсия изҳор дошт.
“Мо дар бораи алоқамандии зиёди муҳоҷирон ба раванди ваксинатсияро мушоҳида мекунем. Алоқамандӣ аз ҷониби корфармоёне, ки дар корхонаҳои онҳо муҳоҷирони зиёд кор мекнунанд ва ҳам аз ҷониби шахсони алоҳида мушоҳида дорем”, таъкид дошт шаҳрдори Маскав.
Вай афзуд, ки дар марҳилаи аввал ба таври озмоиши ваксиназанӣ танҳо ба гурӯҳҳои муташакили муҳоҷирон - дар Маркази муҳоҷирати Сахарово ва бозори Садовод сурат гирифт.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Собянин: Маскав авҷи бемории коронавирусро пушти сар кард
“Имрӯз чанд маркази ваксинагирии дигар барои муҳоҷирони меҳнатӣ боз шудааст. Бузргтаринаш дар варзишгоҳи Лужникӣ аст. Боз 25 нуқтаи ваксиназании пулакӣ дар марказҳои тиббии Маскав низ фаъол аст. Маълумот дар бораи онҳо низ вуҷуд дорад”, - илова кард Собянин.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Маскав Лужникӣ маркази нави ваксинагирӣ бар зидди вируси корона ифтитоҳ шуд.
Бояд гуфт, ки шаҳрдори шаҳри Маскав ахиран хабар дод, ки вазъи бемории коронавирус дар пойтахт мӯътадил гашта, ва дар Маскав коҳиши сироятёбӣ ба ин вируси мушоҳида шудааст.
Қаблан Собянин дар бораи суръати ваксиназанӣ алайҳи коронавирус дар Маскав ҳарф зада буд. Вай қайд кард, ки аҳолии шаҳр барои ваксиназанӣ масъулияти бештар пайдо карданд ва дар Маскав ҳар рӯз тақрибан 100 ҳазор нафар ваксина мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0