Реванш: UFC муборизаи чоруми Макгрегор ва Пореро эълон кард

© Jeff Bottari/Handout PhotoДастин Порье и Конор Макгрегор
Дастин Порье и Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар нишасти хабарии расмӣ пас аз рақобати байни варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ва муборизи амрикоӣ Дастин Поре, раҳбари UFC Дана Уайт дар бораи натиҷаи мубориза изҳори назар кард.

"Мубориза наметавонад ин тавр ба поён расад. Мебинем, чӣ рӯй медиҳад ва барои барқарор шудан ба Конор чӣ қадар вақт лозим мешавад. Ман фикр мекунам, ки бозии ҷавобӣ хоҳад буд", - гуфт Дана Уайт.

Ёдовар мешавем, ки мубориза байни варзишкорон бо шикасти Конор Макгрегор хотима ёфт: вай дар сонияҳои охири даври аввал пешпо хӯрд ва пояшро шикаст.
Дастин Порье и Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Пои Макгрегор шикаст: Чӣ тавр Поре Конорро мағлуб кард
Ин рақобати сеюми миёни ин ду варзишкор буд.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Макгрегор ба Поре пеш аз рақобати сеюм паём фиристод
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала