Афзоиши издивоҷу талоқ ва таваллуд дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевТаджикская свадьба, архивное фото
Таджикская свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи издивоҷу талоқ ва таваллуд афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik.Тибқи иттилои Вазорати адлияи кишвар давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 32 ҳазору 489 ақди никоҳ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 ҳазор адад бештар аст.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вазорат мегӯяд, дар баробари издивоҷи зиёд, азҳампошии оилаҳо низ зиёд шудааст.
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Кадом моҳ таваллуд шудаӣ ва чӣ беморӣ хоҳӣ дошт? Мясников вобастагиро гуфт
Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 476 ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 104 ҳазору 141 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки 3 596 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи соли 2020 ба 101 ҳазору 141нафар баробар буд.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз коҳиши шумораи фавтҳо дар давраи ҳисоботӣ гуфт - 17 271 ҳолат дар соли ҷорӣ ва 18 777 фавт дар моҳҳои январ-июли соли 2020.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала