Андӯҳи Вазорати фарҳанг аз даргузашти Абдулқайсов: ба наздикон сабри ҷамил хост

© PixabayЦветок гвоздики, архивное фото
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Вазорати фарҳанг ба хешу пайвандон ва мухлисони ин ҳунарманди мардумӣ сабру таҳаммул хост
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон Ҳунарманди мардумӣ, Шералӣ Абдулқайсов дар синни 70 - солагӣ даргузашт. Иллати марги ин ҳунарманд, бемории коронавирус гуфта мешавад.
Зимнан, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз марги ҳунарманди номӣ сахт андӯҳгин шуда ба пайвандону ҳаводорони ин марди ҳунар ҳамдардии амиқ изҳор доштанд.
Вазорат ба наздикони ӯ сабру таҳаммул хоста, ба худи ҳунарманд макони ободи охиратро таманно кард.
Шерали Абдулкайсов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд
Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд ва бо бад шудани вазъи саломатияш ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд.
Вале пизикон натавонистанд, ҷони Абдулқайсовро наҷот диҳанд ва рӯзи 12 июн ҳунарманд ҷонашро ба Ҳақ таслим кард.
Феълан маълум нест, ки тобути ӯ дар Душанбе ба хок супорида мешавад ва ё ӯро ба зодгоҳаш деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон интиқол медиҳанд.
Зеро, маъмулан ҳунармандонро дар Лучоб ба хок месупоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала