Бердимуҳаммадов писари худро ба мақоми нав таъйин кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Қаблан дар ин мақом Гадиргелдӣ Мушшиков ифои вазифа мекард
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо судури як фармон фарзанди худ, Сардор Бердимуҳаммадовро ба мақоми ноиби сарвазир оиди масъалаҳои молия ва иқтисод таъйин намуд.
Манобеи Sputnik Туркманистон хабар медиҳад, ки қаблан дар ин мақом Гадиргелдӣ Мушшиков ифои вазифа мекард.
Ҳоло номбурда роҳбарии Бонки марказӣ аст, ҳарчанд моҳи феврал раисиҷумҳур бо як лаҳни тунд ва интиқоди шадид ӯро аз вазифаи ноиби сарвазир оиди масъалаҳои иқтисоду молия сабукдӯш карда буд.
Сын президента Туркменистана Сердар Бердымухамедов занимает должность заместителя министра иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2019
Дар бораи писари раисиҷумҳури Туркманистон чӣ медонем?
Бояд гуфт, ки писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов то ин вақт вазифаи раиси Палатаи олии назоратӣ ифо мекард.
Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин аз Шӯрои амнияти давлатӣ ҳам хориҷ карда шуд.
Манбаъ меафзояд, писари Президент инчунин намояндаи нави Туркманистон дар Шӯрои иқтисодии кишвар интихоб гардид.
Сардор Бердимуҳаммадов 39 сол дорад ва замоне раиси вилояти Аҳали Туркманистон буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала