Дар Тоҷикистон арзиши қувваи барқ гарон мешавад

© Sputnik / Петр Чернов / Гузариш ба медиабонкЛампа накаливания и энергосберегающая лампочка.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Обуна шудан
Арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон имкон дорад аз 7 то 10 дирам боло равад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон нақша доранд имсол арзиши қувваи барқро боло баранд. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Ҷумъа Далер ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи вай, ин масъаларо комиссияи кории назди Хадамоти зиддиинҳисории кишвар меомӯзад.
"Кор дар ин самт ҳанӯз ба итмом нарасидааст, зеро он бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад", - гуфт роҳбари Вазорати энергетика.
"Соли гузашта, бинобар пандемия, тарифҳои нерӯи барқ ​​боло нарафтанд, гарчанде ки афзоиш дар нақша гирифта шуда буд. Ҳамин тариқ, нархномаи барқ ​​ду сол боло бурда нашуд ", - хулоса кард Ҷумъа Далер.
Ёдовар мешавем, бори охир тарифҳои нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 боло бурда шуд.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
“Лимит” - и барқ боз такрор мешавад? Президент Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил дод
Масъалаи боло бурдани арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон қаблан дар порлумони кишвар низ садо дода буд.
Вакили парлумон, Музаффарҷон Маҳмудзода, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳаи созишнома барои кам кардани талфоти нерӯи барқ дар Хатлонро тасвиб намуд гуфт, тарофаҳо боло бардошта шаванд.
“Дар назар аст, ки пас аз татбиқи лоиҳа ҷамъоварии маблағ пурра ба миқдори 100 фоиз таъмин гардида, тарифи миёнаи неруи барқ низ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад”, - гуфт вакил Маҳмудзода.
Таъкид ба болоравии нархи барқ ба андозаи то 10 дирам дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тҷоикистон тавсия дода буд, ки нархи нерӯи барқро ҳадди ақал ҳудуди 8 дарсад дар як сол боло барад, то вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.
Феълан нархи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам мебошад, ки аз тирамоҳи соли 2019 амал мекунад. Дар соли 2020 бинобар вазъи пандемия болобарии тарофаҳо мутаваққиф гузошта шуда буд. Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 9 дирами моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 расид.
Лентаи хабарҳо
0