Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Кишвардори Озарбойҷон зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии Ҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, раисони Тоҷикистону Озарбойҷон рӯзи 12 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, вазъи Афғонистон низ аз мадди назари раисиҷумҳурон каонр намонд.
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2020
Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак
Манбаъ меафзояд, дар робита ба вазъи нохуби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Илҳом Алиев дар рафти суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии ИДМ изҳори нигаронӣ кард.
Котиботи Президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ дар хусуси вазъи ташвишовари Афғонистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки аз вазъият дар марзи ҷанубии ИДМ нигарон аст.
Дар фарҷоми суҳбат, роҳбари давлат Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
Зикр мегардад ки таклифи Эмомалӣ ӣРаҳмон пазируфта шуд ва ҳоло муҳлати сафари мушаххас мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала