Дар Ҳиндустон 60 нафар аз шиддати раъду барқ ҷон бохтанд

© PixabayМолния
Молния - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Дар қалъае, ки дасти кам 11 нафар аз қувваи раъду барқ ҷон бохтанд, борҳо ҳам чунин ҳодисаҳо рух медоданд. Аксари қурбониёнро дар ин қалъа ҷавонон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Ҳинд бар асари ба амал омадани раъду барқи шадид, дасти кам 60 нафар ҷон аз даст доданд, менависад The Independent.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама беш қурбониён дар иёлати Раҷистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин минтақа якбора 11 нафар фавтиданд. Ҳамаи онҳо болои як қалъае қарор доштанд, ки яке аз мавзеъҳои тамошобоби ин иёлат ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ҳар 11 марҳум аснои гирифтани селфӣ аз қувваи раъду барқ кушта шуданд.
Илова бар ин, дар ин иёлат боз 9 нафар ҳалок ва 20 каси дигар ҷароҳатдор шуданд.
Фоҷеаи филҳо дар Ҳиндустон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Раъду барқ дар Ҳиндустон 18 филро кушт
Ҳамчунин дар иёлати Уттар - Прадеш 18 нафар қурбони ин офати табиӣ шуданд. Ҳамаи онҳо аснои кор дар саҳро аз шиддати раъду барқ кушта шуданд.
Ҳукумат ба оилаҳои мотамзада ваъда додааст, ки ба онҳо ҳатман кумак мекунад.
Бояд гуфт дар Ҳинд аз моҳи июн то сентябр ба амал омадани раъду барқ зуд-зуд иттифоқ меафтад. Соли гузашта аз ин офати табиӣ 2,9 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала